Инсон як узви биологии зиндаест, ки дар ҳар ҳолат метавонад бо сабабҳои гуногун, ногаҳон ба беморие мубтало гардад. Моҳе пеш як узви оилаамон бо як бемории узвҳои даруна, ки дарднокиаш шадид буд ва аз ҳама нигароникунандааш соат 23:40 дақиқаи шаб буд, гирифтор шуд. Мо дар ҳол тавассути ширкати таксии 4545 беморамонро ба беморхонаи марказии шаҳри Левакант бурдем. Ҳангоми ба шуъбаи ҷароҳи қабул гардидани беморамон алакай соат наздик ба 00:30 дақиқаи шаб буд ва дар ҳамон новақтии шаб аз фарроши беморхона сар карда то духтурони навбатдор мисле саргарми кору бедорхоби будаанд, ки мегуфта боши соат 12:30 дақиқаи рӯз бошад. Фаррош дар шустушуйи фаршҳои беморхона бе ист машғул буда, духтурону ҳамширагон низ ба рафту омади бароям ҳаяҷоновар машғул буданд, ки ин бароям бениҳоят хурсандиовар буд. Дар муносибат ва рафтори онҳо тамоми ҳолати изтиробиамро фаромуш карда худро умуман танҳою бекас ҳис накардам. Боз айнан ҳамин гуна ҳафтае пеш як узви дигари оилаамон бо бемории шадидноки занона гирифтор шуду баъди гардишу муолиҷагири дар беморхонаҳои берун аз шаҳрамон онро ба беморхонаи марказии шаҳри Левакант овардем ва наздик буд, ки дер карда будем бо ҳаммаи ин нигоҳ накарда табибони шуъбаи тавалуд, ба таври оперативӣ аз худ корнамои нишон додаанду беморамонро аз вартаи марг наҷот доданд. Ман ҳамчун як зиёӣ дар муносибату рафтор ва сифати хизматрасониҳо табибони шаҳри Левакант баҳои бениҳоят баланд дода онҳоро на танҳо наҷотдиҳандагон балки қаҳрамонони ҷомеаи имрӯза меҳисобам. Баъд аз дидани ин ҳама қаҳрамониҳои онҳо бори дигар дилпургардидам, ки имрӯз самти хизматрасонии тиббӣ иҷтимоии шаҳри Левакант дар ҳақиқат дар сатҳи Олӣ ба роҳ монда шуда, аксаран табибони зарриндасти мо ҷавонанду таҷрибаи бойтар аз баъзе таҷрибадорони бешафоати дигар минтақа доранд. Ман дар рафтору фаъолияти онҳо наҷоти миллат, ҳомиёни мардум, покизагии давлат, ғамхории Ҳукумат, босаробони мардум ва ободии Ватани азизамон махсусан шаҳри нурофари Левакантамонро дидаам. Меахостам дар васфу бузургиатон китобҳо нависам аммо хиҷолатманд аз пургуйии банда ҳастам.
23-юми январ, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз мутахассисони бахши кор бо занон ва оила, Маркази ТТҲС ва Маркази пешгирии ВНМО-и шаҳри Левакант, дар кӯчаи Носири Хусрав, тариқи усули ХОНА БА ХОНА корҳои таблиғотӣ гузарониданд.
Санаи 22 январи соли 2025 дар толори СН-Вахш, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки аъзоёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, узви раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демоктарии Тоҷикистон Муминзода Мастура Табарӣ, раиси Комиссияи хавзаи интихоботии шаҳри Левакант Нигматов Чумахон – муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиен Саъдулло инчунин аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳри иштирок ва суханрони намуданд.
Имрӯз, дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Олимзода Низора Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Левакант пешбариӣ карда шуд. Колективи кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант муалимаи азизро ҷиҳати пешбарӣ гардиданашон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳисоби занон самимона табрик намуда дар фаъолияти ҳизбиашон мавафақиятҳои нав ба навро таманно менамояд.
Имрӯз, дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Муминзод Мастура Табарӣ раиси шаҳри Левакант, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони ҳалқи вилояти Хатлон пешбариӣ карда шуд.
Аъзои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табариро ҷиҳати пешбарӣ гардиданашон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят самимона табрик намуда дар фаъолияти кориашон бурдбориҳои навро таманно менамояд.