Тибқи нақша-чорабинӣ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, сармутахассиси дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Маҳмадшоев Меҳриддин, сархатиби шаҳри Левакант-Эмомов Атохӯҷа ва дигар масъулин зимни адои намози ҷумъа бо намозгузорон вохӯрӣ ва фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба маъюбону ниёзмандон, маъюби гурӯҳи якум аз деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" Қурбоналиев Файзалиро бо аробачаи маъюби таъмин намуданд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки раиси шаҳр- Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъулини бахши кишоварзӣ, раисони ҷомаҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ эҳтимоли паҳншавии малах дар минтақаҳои кӯҳӣ ва заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, аз имрӯз сар карда барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024, гурӯхи корӣ иборат аз раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо занони ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Сафарзода Шодихон, директори Маркази ТТҲС-Акрамова Суман ва дигар фаъолон бо омӯзгорони МТМУ №15, вохӯрӣ намуданд.
Дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, ки чанде пеш дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор шуд, як қатор ҷавонони фаъол, қдршиносӣ гаштанд.
...
- МАВЗӮЪҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЧУНИН МАСЪАЛАҲОРО ДАР БАР МЕГИРАД:
- МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ”
- ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ ҶАМОАТ ДАР КАБУДИЗОРКУНӢ
- ПАЁМ ВА ҶАВОНОН