Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии кишвар аст ва нақши он дар бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон беназир мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки сокинони шарафманди кишварамон ҳамасола ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳи хоссаву сарбаландӣ, ифтихор аз ватандорию соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд. Имсол сокинони бошарафи кишварамон бо ифтихори бузург 30-солагии қабули ин санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Маҳз натиҷаи қабул ва татбиқи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст, ки давраҳои сангини таърихӣ (ҳодисаҳои солҳои 90-ум) бартараф шуда, тамоми соҳаҳо марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона пеш рафта истодаанд. Натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пуштибонии мардуми Тоҷикистон буд, ки дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гашта, дар кишвар сулҳу амният таъмин шуд ва зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҷрои хосса гирифт. Яъне, фазои орому осоиштаи кишвар, ки бо татбиқи ин санади олии ҳуқуқӣ таъмин шуд, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити муносиб фароҳам овард.