11-уми ноябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавии идона ва намоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

11-уми ноябр, тибқи нақша-чорабиниҳо директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант-Ҷаҳонгири Бобоҷон, бо варзишгарони наврасу ҷавони шаҳр вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ӯ ба варзишгарон таъкид намуд, ки оварагардию шабгардӣ накарда ба варзиш машғул шаванд. Дар ҳама риштаи варзиш бештар тамрин намоянд. Ягона василае, ки ҳар як шахс ва давлату миллатро муаррифи мекунад варзиш буда, ба василаи варзиш дӯстию рафоқати ҷавонон хубтар мегардад. Инчунин варзиш ба саломатии инсон низ манфиати калон дорад. Нафаре, ки ба варзиш машғул мегардад ӯ аз ҳар лиҳоз обутобёфта ва солиму бардам мебошад. Пас ҳар яки мову шумо бояд ба варзиш машғул гашта, нағз хонему давраи ҷавонии худро хуб гузаронем.

Имрӯз 9-уми ноябр, дар муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 1-и шаҳри Левакант, байни хонандагони синфҳои 7-8-и ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр, даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ баргузор гардид.

Имрӯз 9-уми ноябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудирону кормандони шубаю бахшҳои Мақомоти иҷроия ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳо ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

Тамоми иштирокчиёни шанбегии имрӯза дар корҳои тозагию ободонӣ саҳм гузоштанд. Онҳо дар ин рӯз кӯчаҳои шаҳр ва дигар гирду атрофро аз хасу хошок ва хазонреза тоза намуданд.

Конститутсияи кишвари мо, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия аст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёфт, сулҳу амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, рушди устувори иқтисодии кишварамон таъмин шуда истодааст ва барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона муҳайё мегардад. Маҳз муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.