Маъмурият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Леваканти ДБССТ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона гузарониданд.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба хусус сокинони сарбаланди шаҳри Левакант бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.
Ягон гуруҳ, миллат ва халқ бе роҳбар ва сарвар бардавом буда наметавонад. Яке аз падидаҳои нав дар илми ҳуқуқшиносии муосир ин падидаи президент ба шумор меравад. Президент ин савари умумии халқ ё миллати муайян мебошад, ки манфиатҳои халқу миллатро намояндагӣ ва ҳимоя мекунад.
Имрӯз 16-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант, Конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, масъулини бахши маорифи шаҳр, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок карданд.
Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он Президентӣ мебошад.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муқаррар гардидани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.