ЛЕВАКАНТ: “ШОМИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ДЕҲАИ ВАХШ

.

Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо ташаббуси масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” дар деҳаи Вахши шаҳрак чорабинии фарҳангии “Шоми Истиқлол” баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ва дигар масъулин ба аёдати муйсафеди 101-солаи деҳа Нуралиев Миралӣ рафта аз ҳолу аҳвол ва зиндагияш хабар гирифтанду барги сабзе ҳам тақдим намуда дуояшро гирифтанд. Ҳамзамон бобои Миралиро ба чорабинӣ даъват намуданд, ки ӯ ҳам муштоқи иштирок дар ин чорабини буд.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР КӮЧАИ МАРКАЗӢ

.

Имрӯз шанбе 27-уми июл, дар шаҳри Левакант бо ҷалби тамоми ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҳашари шанбегии дастаҷамъона кормандони соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, беш аз ҳазор метр ҷуйҳои обравӣ кучаи марказиро аз хоку лой тоза намуда, барои хобонидани латокҳои бетонӣ омода карданд.
Инчунин дар ҳамин рӯз атрофи дарахтон ва гулу буттаҳои шафати роҳи кӯчаи марказиро нарм намуда, саҳми худро дар шанбегӣ гузоштанд.

ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ШАҲРИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

.

Имрӯз 26-уми июл, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷаласаи Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Шӯро-Муминзода Мастура Табарӣ оғоз бахшид. Дар ин Шӯро муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон, сардори ШВКД-и шаҳр-Абдулмаҷидзода Рустам, намояндаи шуъбаи КДАМ дар шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Котиби масъули Шӯро, сардори идораи нотариалии давлатии шаҳри Левакант-Юсуфӣ Муҳаммадсалим оид ба натиҷаҳои шиносоӣ бо вазъи иҷрои Нақша-чорабиниҳои Шӯро ва корҳои анҷомдодашуда дар шаш моҳи соли 2024 ҳисобот дод.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ МАСЪУЛИ БАХШИ ДИН БО НАМОЗГУЗОРОНИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪ

.

26-уми июл, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода ва дигар фаъолон тибқи нақша-чорабинӣ дар масҷиди панҷвақтаи ҷомеъи ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” пеш аз намози ҷумъа бо намозгузорон вохӯрӣ ва суҳбат анҷом доданд.
Мақсад аз ин вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи баромади Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9-уми марти соли ҷорӣ дар масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, сеҳру ҷоду, бегонапарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирӣ аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона буда, масъулин дар ин бора фишурда баромад намуданд. Ва аз ҳар намозгузор даъват ба амал оварданд, ки ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия намуда, саҳми худро дар ояндаи неки Тоҷикистон гузоранд.

Омузиши бо усули хона ба хона

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 25 июли соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи минтақавии КАТС-и ш. Левакант дар ҷ/ш Сарбанд куч.Н.Хусрав ва Эмоми Азам ш.Левакант дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.