ЛЕВАКАНТ: ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму баромадҳояшон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи онанд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар қалби хеш фарҳанги асил ва тамаддуни бузурги ногусастании миллати тоҷикро дар мадди аввал ниҳодааст. Чунончи мегӯянд: Агар душманон хоҳанд як давлатро нобуд созанд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд месозанд.
Иқдом, ташаббус ва эълони солҳои 2019-2021, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар таваҷҷуҳи мардуми тоҷикро ба худ ҷалб сохт. Аз инҷост, ки занону бонувони ҳунарманди мо ба як ҳунаре шуғл варзидаву кушиш менамоянд, ки онро ривоҷ бахшанд.

ЛЕВАКАНТ: ЗАМИН БОЯД ДАР ДОИРАИ ТАЛАБОТҲО ИСТИФОДА ШАВАД!

.

Имрӯз 25-уми июл, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон оиди як қатор масъалаҳо вобаста ба истифодаи замин бо масъулини бахши кишоварзии Мақомоти иҷроия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ прокурори шаҳр- Зоирзода Комилҷон иброз дошт, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Бо риояи ҳамин талабот дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як хоҷагидор бояд заминро самаранок истифода барад, тибқи дурнамо кишт намуда ҳар як ваҷаб замин бояд мақсаднок истифода шавад. Дар баробари истифодаи замин хоҷагидор бояд маблағӣ андоз, об ва барқро саривақт пардохт намуда, ба фаъолияти мунтазами дигар сохторҳо монеа эъҷод накунад.

ЛЕВАКАНТ: БАРТАРАФКУНӢ ВА ПЕШГИРИ АЗ САВДОИ КӮЧАГӢ

.

Имрӯз 24-уми июл, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, намояндагони ШВКД дар шаҳри Левакант, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо дар ҳудуди шаҳр баҳри пешгири аз савдои кӯчагӣ ва бартарафнамоии дукону мағозаҳои мувақатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: МАҲФИЛИ ҲУНАРИ ПАЗАНДАГӢ

.

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар хонаи истиқоматии яке аз сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” бо ҷалби занону духтарони деҳа чорабиние таҳти унвони “Маҳфили ҳунари пазандагӣ” баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

.

Муовини раиси шаҳри Левакант, раиси Комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон-Шоҳиён Саъдулло бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Комисарияти ҳарбӣ ва аъзоёни Ситоди даъват вохӯрӣ намуд. Ӯ ба тамоми аъзоёни Ситоди даъвати ҷавонон таъкид намуд, ки ба даъватшавандаҳо даъватномаҳоро саривақт жастрас намуда бо онҳо корбарӣ намуда, ҷавононро то рӯзи сафарбарӣ омода намоянд.