ЛЕВАКАНТ: ҲАМБАСТАГИҲОИ КОРИ САМАРАИ ХУБ МЕОРАД
Обуна яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ арзёби мегардад. Ҳамасола обунашави ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ" аз ҷониби тамоми ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрванди бисёр ҳам хуб ба назар мерасанд. Ҳамаи аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи роҳбарияти кишвар ҷонибдори намуда дар тамоми чорабиниҳо нақши бориз мегузоранд. Дар ин радиф бо дастгирии бевоситаи аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант и.в Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табари дар ҳамбастагиҳои доими ва дасгириҳои ҳамарӯза бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар рузҳои аввали маъракаи обуна фаъолнокии нишон дада аз иҷрои он муждагони доданд. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри левакант аз бонуи сиёсатмадор муҳтарам Муминзода Мастура Табари барои дастгириҳои ҳамаруза дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ арзи сипос менамояд.
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ДАЪВАТШАВАНДАҲО
Бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо барои хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолон ва ҳар як шаҳрванд мебошад.
Имрӯз 24-уми июл, бо ташаббуси раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло ва масъулини бахши хадамоти муҳоҷират, рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд”, Почтаи тоҷик дар шаҳри Левакант бо таълимгирандагони Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ гузаронида шуд.
ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ ВАКИЛ
Тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, риояи маданияти шаҳрнишини аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро талаб менамояд. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тозагию ободониро аз назди хонаву дари худ бояд сар кард.
ЛЕВАКАНТ: РИОЯИ ТАЛАБОТ ҲАТМИСТ
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз роҳбари дастгоҳи раис-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроия, масъулини бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кор бо занон ва оила, ҷамаоати шаҳраки “Сарбанд”, ШВКД дар шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, соҳаи тандурустӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёна корҳои таблиғотӣ гузаронида, тозагию ободониро низ бо ҷалби сокинон ба роҳ монданд.
Дар ин рӯз ҳайати гурӯҳи корӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” ҷиҳати пешгири аз савдои кӯчагӣ ва дигар бетартибиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ намуда, таъкид доштанд, ки камбудиҳо дар кутоҳтарин фурсат бартараф гардида, ободонию тозагӣ дуруст ба роҳ монда шавад.
ЛЕВАКАНТ: ФАРЗАНДАТРО АЗ ХАТАРИ ҒАРҚШАВӢ ЭМИН НИГАҲ ДОР!
Бо гармшавии ҳаво ва ба таътили тобистона баромадани кӯдакону наврасон ташвишу изтироби сокинон зиёд мегардад. Зеро кӯдакону наврасон новобаста аз он ки ҳунари шиноварӣ доранд ё не ба оббозӣ майлу рағбат ва шавқи зиёд доранд. Табиист, ки истироҳати тобистона наметавонад бе оббозӣ гузарад, вале мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон, бахусус кӯдакону наврасон ва ҳатто ҷавонон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд, ки дар баъзе маврид он боиси ба ҳалокат расидани онҳо мегардад.