Чанде пеш дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, чорабинии идонаи наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Тибқи нақша 29-уми март, дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи марказии шаҳри Левакант, Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии собиқадорони меҳнати соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Конференсияи XVI-уми ғайринавбатии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо суҳбатвохӯрӣ гузаронид.
Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 28 марти соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо бахши кор бо занон ва оила ва кормандони КАТС-и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯчаҳои Н.Хусрав хон.13. И.Сомони 13 ва Э.Азам ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.