Дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамо, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фарҳод Муминов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихона Сафарзода, мудири бахши сармоягузори ва амволи давлатии Мақомоти иҷроия-Бахтовари Раҷаб, масъулини Донишкада ва дигарон иштирок намуданд.

23-юми октябр, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи дастуру супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва Литсейи давлатии №2-и шаҳр, дидан намуданд.

23-юми октябр, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант-Ҷаҳонгири Бобоҷон, тибқи супориши сохторҳои болоӣ бо варзишгарони наврасу ҷавони шаҳр вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ӯ ба варзишгарон таъкид намуд, ки оварагардию шабгардӣ накарда ба варзиш машғул шаванд. Дар ҳама риштаи варзиш бештар тамрин намоянд. Ягона василае, ки ҳар як шахс ва давлату миллатро муаррифи мекунад варзиш буда, ба василаи варзиш дӯстию рафоқати ҷавонон хубтар мегардад. Инчунин варзиш ба саломатии инсон низ манфиати калон дорад. Нафаре, ки ба варзиш машғул мегардад ӯ аз ҳар лиҳоз обутобёфта ва солиму бардам мебошад. Пас ҳар яки мову шумо бояд ба варзиш машғул гашта, нағз хонему давраи ҷавонии худро хуб гузаронем.

Имрӯз 24-уми октябр, дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинӣ, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо донишҷӯёну омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант вохӯрӣ намуданд.

Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот-Мастов Абдулҳаким, Исмонқулов Абдуҷалол, Кабиров Мирзохон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, директори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант-Сафарзода Умед ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Таҳти чуин унвон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти чамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ин дафъа аксияи иттилоотию тарғиботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ЛКСК", баргузор карда шуд.