Дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгор, баҳри арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, роҳбарон ва аъзоёни Ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ-и шаҳри Бохтар, ки асосан Ташкилотҳои ибтидоии соҳаи маориф буданд аз «ОСОРХОНА»-и Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант дидан намуданд.

Махмедов Дилшод-хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» дар жанри эстрадии «Номинатсияи сарояндагӣ» сазовори ҷойи сеюм гашта, бо Диплом ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ қадршиносӣ шуд.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 7 октябри соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи минтақавии КАТС-и ш. Левакант дар ҷ/ш Сарбанд куч.Борбад 29 ва 27 ш.Левакант дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

Имрӯз 6-уми октябр, мудири шуъбаи рушди иҷтимова робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ, масъулини бахши кишоварзӣ дар якҷоягӣ аз вазъи чиниши пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти "Гулистон" дидан намуда, кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳриро барои кумак ба чинакчиёну барзгарон ҷалб сохтанд.

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия дар хоҷагии деҳқонии «Зарзамини Левакант», ки яке аз хоҷагиҳои калонтарини ҷамоат мебошад бо хоҷагидорон ва чинакчиён вохӯрӣ намуда, дар ҷамъоварии тилои сафед ба хоҷагидор кумак карданд.

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муъминзода Мастура Табарӣ, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамдиёрони азиз!

Забони миллиро шаҳсутун ва ё ҳастии давлат медонанд. Забони мо-тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллиамон аст ва барои ҳар як соҳибзабон азизу муътабар мебошад. Бояд фаромӯш насохт, ки танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон барқарор кард.