Гражданский взгляд на деятельность ТЭО ПИВ

.

В конце декабря 2018 года после восьмилетней трудовой миграции в Российской Федерации я вернулся на Родину и решил навестить своих родственников, проживающих в кишлаке Кшинбог долине Камаров. Проезжая мимо места, где в 2010 году была расстреляна автоколонна Министерства обороны Республики Таджикистан, я попросил таксиста остановиться, чтобы отдать дань памяти и уважения погибшим от рук террористов военнослужащим.    

Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ

.

Имрӯз бо яке ҳамкурсонам вохӯрдам, ки аз яке аз деҳаҳои Ҷиргатол ба пойтахт барои гирифтани дипломаш омада буд. Тибқи муқаррарот баъди се соли корӣ аз рӯи ихтисосаш метавонад нусхаи аслии дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ҳамин тавр, мо вохӯрдем ва якҷоя гаштугзор кардем. Аз пешравиҳои пойтахти мамлакат бениҳоят ба ваҷд омада буду, бо хурсандиву ҳаяҷону эҳсосот оид ба зебогиву пешрафти кишвар сухан мегуфт. Нақл кард, ки ёд дорад аёми кӯдакӣ, ки ба солҳои аввали истиқлолият рост меомад, чи гуна зиндагии вазнин дошт, чи гуна роҳҳои душворгузару маргбор, чи гуна қаҳтиву гушнагӣ буд, чи гуна ҷангу одамкушиву бесарусомонӣ буд.... ба ёд меоварду дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад ва ҳазорон маротиба шукри тинҷиву амонӣ ва ободиву гулгулшукуфии Ватан мекард. Аз ободии марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, ободии кӯчаву шоҳроҳҳо, чароғонии доимии мамлакат сухан мегуфту, чун кӯдак хурсандӣ мекард.

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан

.

Инак Муҳиддин Кабирӣ баъд аз хиёнат кардан ба Ватан ва паноҳ бурдан ба зери домони хоҷагони худ, дигарбора бидуни хиҷолат сар бадар оварда, мехоҳад чеҳранамоӣ кунад. Дар “Гуфтугуйи ба ном рӯ ба рӯйи М.Кабирӣ”, ки дар шабакаҳои иҷтимоиӣ санаи 18.01.2019с. пахш гардид, ин фарди аз воқеияти рӯзгор фосила гирифта ва ба Тоҷикистон мутлақо бегона, бо худшефтагии ба ӯ хос,  табли бечоранавозиро ба роҳ андохтааст. Хост худро тариқи “онлайн” ҳамчун роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» муаррифӣ кунад.

Наҳзатиҳо – қотилони зиёиён

.

Дар бораи қотилию ғоратгариҳои роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтию   бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърих надида буд.