Кабирӣ хостори нооромӣ дар Тоҷикистон аст
Интернет яке аз падидаҳои ҷаҳони муосир аст, ки дар натиҷаи тараққиёти илму техника рӯйи кор омада, дар зиндагиву рӯзгори инсоният таҳаввулоти бузургеро ба амал овард. Зуҳуроти интернет ва бештар дастрасӣ пайдо кардани ҷавононро ба он эҳсос карда гурӯҳҳои тундгаро зуд даст ба кор шуданд. Мағзшӯи, ташвиқоту тарғиботи ақидаҳои дуруғини динӣ ва паҳн сохтани наворҳо бо даъват ба ҷиҳод ҷавонони зиёдеро аз саросари дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистони мо низ гумроҳ намуда, онҳоро гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун яроқ барои амалӣ намудани мақсаду мароми нопоки худ истифода мебурданд. Ин ҳол тамоми мардуми рушанфикри тоҷикро, ки оқибати ба ин роҳ рафтани ҷавононро хуб дарк мекарданд, ба шӯр овард ва онҳо бо овардани далелҳои рушану возеҳ ҷавононро аз мақсадҳои ниҳоии гурӯҳҳои ифротгаро огоҳ сохта, муваффақ бар он шуданд, ки пеши роҳи гаравиши ҷавонони тоҷик ба ин қабил созмону ташкилот гирифта шавад.