Кӯдакони тоҷик бепушту паноҳ нестанд
Ҳодисаи ба Тоҷикистон баргардондани кӯдакони оилаҳои гумроҳшудаи тоҷик аз Ироқ аз воқеаҳоест, ки дар сархати хабарҳои кишвар қарор дошта, фикр мекунам ба торҳои эҳсоси ҳар нафаре нохун зад. Бахусус дидани ҷуссаи хурдакаку наҳифи онҳо ва андешаи он, ки чи фоҷиаеро аз сар гузаронда, чӣ балоҳоеро пушти сар кардаанд, дили ҳар бинандаеро ба дард меовард.