ХИЁНАТИ ДУКАРАТАИ НАҲЗАТ (Ё балвои риш)
Генерал Андрей Власов, командири дивизияи Волхови Қӯшунҳои шӯравӣ, ки зиёда аз 20 ҳазор афсару сарбозонро тобистони соли 1942 ба фашистҳои дар м.Мясной Бори вилояти Ленинград фурӯхт, нишонаи олии разолат ва хиёнати як афсари олирутба аст, ки ҳар вақте ки сухан аз муҳорибаҳои қаҳрамонони шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф мезананд, аз аъмоли хиёнатгустари Власов, фармондеҳи Артиши ба ном озодибахши русро барои тарбияи насли наврас гӯшзад мекунанд. Ва ҳар дафъа рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад, бори навбатӣ рӯҳи ифлоси Власов ва ёрони аз ӯ разилтараш тагу рӯ мешавад. Қаҳрамонӣ бо хиёнат гиреҳ мехӯрад. Ҳолати имрӯзаи давлатдори муосири тоҷик бозгӯӣ мекунад: НБО «Роғун» ва фаъолияти қаноти ҷангии ТЭТ ҲНИ.