Террорист ҳеҷ гоҳ бадал шуданӣ нест!
Тариқи шабакаҳои иттилоотӣ аз воқеаи нохуши шаби 19-уми май дар муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъомада огоҳ гашта, бори дигар мутмаин бар он шудам, ки террорист эътиқод ба ҳеҷ дин надорад ва ҳеҷ муқаддасоте барояш мавҷуд нест. Таассуфовар он аст, ки дар пайи бетартибиҳои дар ин муассисаи ислоҳотӣ роҳандозишуда, боз ҳам хуни инсон ба замин рехт. Боз ҳам хонаи касе ғамхона шуду навҳаи модаре ба афлок дакка хӯрд. Бигзор барои адои ҷазои гуноҳҳои вазнин паси панҷараҳои зиндон қарор доштанд, вале ҳеҷ кас ҳақ надошт ба ҳайси қозӣ ё довар қатлу куштори онҳоро амалӣ намояд.