Озмуни «Мураббии сол»

.

Рӯзи 01.05.2019 дар муассисаи давлатии  таҳсилоти томактабии №3 бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа байни муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии шаҳр озмуни «Мураббии сол» баргузор гардид.

Омилҳои хушбахтӣ дар оила

.

Рӯзи 30.04.2019 бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 «Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон», оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо иштироки оилаҳои намунавии ибратомӯз, собиқадорон, занони фаъоли соҳибкор ва зиёиён барномаи телевизионии «Асрори хушбахтӣ» дар идораи телевизион ва радиои вилоят баргузор гардид.

Мо бояд ба қадри ҷонбозиҳои собиқадорони ҷанг бирасем

.

Бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант рӯзи 30 апрел дар муассисаи таълимии №10-и деҳаи Зағиртут вохӯрӣ доир гардид, ки масъалаҳои меҳварии онро 74-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ва қарзи имонии ҳар ҷавонмард будани муҳофизати марзу буми Ватан дар бар мегирифт.

Рӯзи забони англисӣ

.

Рӯзи 30.04.2019 сафири шоҳигарии Британияи Кабир  Ҳю Стенли Филпотт ба маркази таълимӣ ва омӯзиши забони англисӣ СВОРДЕ – ТЕППА дар шаҳри Левакант ташриф оварданд.

Пешгирии бемориҳои сироятӣ

.

Рӯзи 30.04.2019 кормандони МТТҲС якҷоя бо кормандони маркази саломатӣ семинар - машварат оид ба пешгирии бемории сироятии  домана байни кормандони муассисаҳои КАТС баргузор намуданд.

Дар семинари мазкур оид ба бемории «Домана», аломатҳо, роҳҳои гузариш ва пешгири аз ин беморӣ бори дигар фаҳмонда шуд.