Чанд нигаронии ҷомеаи тоҷик аз сатҳи ифротгароии ТТЭ ҲНИ

.

(Ҷавоб ба мақолаи «Ду нигаронӣ: КДАМ аз болоравии сатҳи диндорӣ, Амрико аз маҳдудиятҳои динӣ»)

Минбари ҳизби террорист «паём.нет», ки дар яке аз кишварҳои назди соҳили Балтика фаъолият мебарад, санаи 22.11.2018с. бо иқтибос ба ниҳоди озодиҳои ИМА изҳори шодӣ кардааст, ки Тоҷикистонро дар «листи сиёҳи ин ниҳод» ҷой кардаанд. Ҳизбе ки тавони сиёсиаш дар маҳдудаи сомонаи «паём.нет» олуда шудааст.

Империяи дурӯғбофии ТТЭ ҲНИ ва фармоишгарони хориҷии онҳо

.

Муҳаммадиқболи Садриддин, навкари галаботури салафияти минтақавӣ дар сомонаи заиф ва хоҷапарасташ бо номи «ислоҳ.нет», ки аз ду ҷузъи ғайримантиқӣ: «ислоҳ ва  нет» иборат мебошад, ба сӯйи муовини вазири адлия, шахси соҳибэҳтиром Иззатуллоҳ Шарифзода, туҳмат бастааст.

Посухе ба Кӯри наҳзатӣ - Саидюнус

.

Ҳангоми варақ задани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо чашмам ба навиштаи иғвобарандози кўри наҳзатӣ ва мазҳабфурӯш Кӯри Сайидюнус (аз истифодаи насаби «Истаравшанӣ» худдорӣ мекунам, зеро алоқаманд намудани ин шахси ҳуввиятгумкарда ва ватанфурӯш бо номи ин шаҳри бостонӣ таҳқир ба Истаравшану истаравшаниҳост) бархўрд. Аз хонандагони гиромӣ маъзарат мехоҳам, ки чунин истилоҳоти сахтеро истифода мебарам, вале ҳар чизе ва касеро бо исми худаш бояд номбурд. Агар кўр намебуд, рўйирост воқеиятро таҳриф ва ҷониби Ватани аҷдодии худ санги дурӯғину бофтаи маломатро намепартофт.

Кӯри Сайидюнус ислоҳпазир нест (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)

.

Аҷабо, гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин нафарон Юнус Бурҳонов бо тахаллуси Кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки дар пойгоҳи иттиллотиву хабарие, ки аз ҷониби аҷнабиҳо сармоягузорӣ мешавад, дар 24-соати шабонарўзӣ ба дурўғпароканиву мағзшуии ҷавонон дар роҳи савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву хурофазадагӣ машғул аст.

ТТЭ ҲНИ ОМИЛИ АСОСИИ ИФРОТИШАВИИ ҶОМЕА

.

Гузориши Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни баромадаш дар парлумон, ки баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеаро яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба терроризм ном бурд, вокунишеро дар расонаҳои наҳзатӣ ба миён овард.