ЛЕВАКАНТ: ТУҲФАИ ШАҲРДОРӢ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ
Чу бини ятими сарафкандапеш,
Мазан бӯсса бар рӯйи фарзанди хеш.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-муминзода Мастура Табарӣ дар арафаи иди саиди Фитр, бо ятимони кулли шаҳри Левакант вохӯрӣ намуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо маблағи 1000-сомонигӣ туҳфа намуд. Ӯ зимни ин вохӯрӣ ятимонро ба иди саиди Фитр табрик намуда, иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ дилозурда набошанд. Дар партави сиёсати инсондӯстонаву ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроия ҳамеша пуштибонашон мебошад.