Корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи усули " Хона ба хона"
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва и.в.Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ гуруҳи корӣ дар ҳайатӣ,: мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Н, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ Саидов Ф, ва омӯзгори МТМУ -8 корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули " Хона ба хона" дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти "Гулистон" оиди пешгирии ҷавонон аз омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилотҳои ғайрирасмии динӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, назорати савияи дониши фарзандон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.
ВОХӮРИИ МУШТАРАКИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО СОКИНОНИ ДЕҲА.
ЛЕВАКАНТ: Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №4-и шаҳри Левакант вохӯрии гурӯҳи корӣ, байни ахли ҷамоатчигии деҳаи Боҳтуробод-2-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант, ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалуфасли он, ташкил ва баргузор карда шуд.
ЛЕВАКАНТ: Конференсияи илмӣ-бадеӣ бахшида ба 100-солагии адиби мунаққид Соҳиб Табаров
Имрӯз 16-уми апрел, дар толори фарҳангии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, бахшида ба 100-солагии мунаққид, адабиётшинос Соҳиб Табаров Конференсияи илмӣ-бадеӣ баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ: Аз ҳуқуқҳои худ бохабар бояд буд!
Имрӯз 16-уми апрел, ҷиҳати иҷрои банди 185, Барномаи амалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мудирони шуъбаю бахшҳо ва кормандони ташкилоту корхонаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Абдуҷаббор Эмомов, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Бобохонзода Саидалӣ, сармутахассиси Шуъбаи мазкур-Салоҳидинзода Муҳаммад иштирок намуда, дар масъалаҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024, Санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи маъюбон, Пешгирии зӯроварӣ дар оила, Муҳоҷирати бехатар ва Стротегияи ҳуқуқи инсон то соли 2038 баромад намуда, фаҳмондадиҳӣ карданд.
ЛЕВАКАНТ: ДАВРИ ШАХРИИ ОЗМУНИ ҶУМХУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» БАРГУЗОР ШУД
Дар толори касри Фарҳанги шаҳри Левакант, даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» баргузор гардид.
Довталабон аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун иштирок намуда маҳорати худро пешкаши аъзои ҳакамон ва иштирокчиён намуданд.