ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ СИТОДИ ШАҲРИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ

.

Имрӯз 15-уми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант, Ситоди мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид. Ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбӣ, аъзоёни Ситоди шаҳрии мудофиаи ҳудудӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо сари вақт хабардор гардида, ҷамъшавии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ дар нуқтаи пешакӣ оғоз шуд.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР КӮЧАҲО ШАҲР

.

Кормандони КДФ "ХМК", Хадамоти оташнишонии шаҳр ва дигар ташкилоту корхонаҳо ба шанбегӣ баромада, гулҳои шинонидашударо об монда гирду атрофи гулу дарахтонро тоза намудаву нарм карданд.

Корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули " Хона ба хона" дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти "Гулистон"

.

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва и.в.Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ гуруҳи корӣ дар ҳайатӣ,: мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Н, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ Саидов Ф, корманди ҷамоати деҳоти "Гулистон" Валиев С ва омӯзгори МТМУ -8 корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули " Хона ба хона" дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти "Гулистон" оиди пешгирии ҷавонон аз омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилотҳои ғайрирасмии динӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, назорати савияи дониши фарзандон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.

 

 
 
 
 
 
 
 
 
 

ЛЕВАКАНТ. СӮҲБАТ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

.

Имрӯз, 11 апрел, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бо усули "Хона ба хона” дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Левакант баргузор карда шуд.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Левакант бо мардум вохӯриву суҳбатҳо анҷом доданд.

ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ КОРҲОИ САҲРОӢ ДИДАН НАМУД

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ 11-уми апрел, аз ҷараёни кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ӯ дар гармхонаҳои ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» бо кормандон вохӯрӣ намуда, вобаста иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи самаранокистифодабарии замин давсияҳои муфид дод.