«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир

.

         Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми гурўҳҳои манфиатдори минтақавӣ ва сиёсатҳои фароминтақавиро дунбол мекунад. Зимнан, сабки кор, тарзи ҷамъоварӣ ва таҳияи матолиб, таъйину табодули маълумот, баҳисобгирии дақиқи мавзўъот, муҳтавиёти таваҷҷуҳбарангези мавод, фаврияти хабар ва билохира равиши пахши хабару иттилооти расонаи «Озодӣ» тибқи реҷаи махсуси корфармоёни хабаргузорӣ роҳандозӣ ва замонбандӣ шуда, мувофиқи муқтазиёти сиёсӣ ва стратегии раҳбарият ва мудирияти он матолиби характери гуногундошта дар вақту замони муайян ва мушаххас расонайӣ мешаванд. Ин шеваи мудирият ва фаъолият, ки одатан дар дигар расонаҳои расмӣ ва ѓайрирасмӣ (хусусӣ ва мустақил) ҳам ба назар мерасад, аз дигар расонаҳо бо ба вуҷуд овардани вазъи ноамнӣ, бесуботӣ, бетафовутӣ, ҳангомасозӣ, шўрандозӣ, нифоқандозӣ ва дар маҷмўъ, иѓвоангезии фавқулода дар манотиқи мавриди назар тафовут дорад. Ба ин далел Радиои Озодӣ аз оѓози фаъолият ҳадафҳои  вежаи сиёсату қудрати ҷаҳониро дар мамолики гуногуни фақрзада, ақибмонда, вопасгаро ва суннатӣ пиёда месозад ва тибқи нишондоди сиёсии сарпарастони беруна матолиби мавриди писанд ва дар бисёр маворид иттилооти махсус пешбинишударо интишор медиҳад ва бо суръати кайҳонӣ расонайӣ месозад. Гузашта аз ин, матолиби банақшагирифташуда ва пасон интишорёфта, асосан бо такя ба манофеи сиёсӣ ва геостратегӣ»-и сарпарастони расона ва «муштариён»-и он интихоб, таҳия ва пахш мегарданд. Ба таъбири дигар, иттилоот ва ахборе, ки ба ҳадаф ва стратегияи сармоягузорони расона мувофиқ аст ва дар фазои муайяну мушаххас мушкил андар мушкил эҷод карда метавонад, тадриҷан пахш мешавад ва аз ин тариқ фазо ва муҳитҳои мавриди назар таҳти контрол ва назорати расонайӣ қарор мегирад. Ин шеваи маъмули кор  бозгўкунандаи он аст, ки Радиои Озодӣ, бо он ки иттилооту ахбори гуногунмавзўъ ва мухталифмуҳтаворо ба маърази нигариш ва масири истимоъ мегузорад, бо иѓво ва матолиби иѓвоангезу «таваҷҷуҳбарангез» сари кор мегирад.  

Фульвио Мартушиелло: «ЕС и Таджикистан продолжат дальнейшее плодотворное сотрудничество»

.

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /НИАТ «Ховар»/. Сегодня делегацию Европейского Парламента во главе с Фульвио Мартушиелло, председателем делегации ЕС в Комитетах парламентского сотрудничества со странами Центральной Азии, а также по связям с Туркменистаном и Монголией, принял Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон. По итогам встречи делегация Европейского Парламента провела брифинг для местных и зарубежных СМИ.

Ғаразҳоро аз дил биронед!

.

Вобаста ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик дар воситаҳои ахбори омма, махсусан, сомонаҳои интернетии расонаҳо як қатор матолиби зиддунақиз, суҳбату мусоҳибаҳо ва баёнияву изҳоротҳо рӯи сафҳа пайдо мешаванд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҳизб бештар аз пештар талош дошта бошем!

.

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисхои ҳисоботи-интихоботи рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии Силсила Неругоҳи Обии Барқии шаҳри Левакант бо иштироки масъулони КИ ХХДТ дар шаҳр маҷлиси ҳисоботи-интихоботи баргузор гардид. Дар кори мачлис аъзоён ва фаъолони ташкилоти ибтидои СНОБ иштирок намуда ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидои ду соли охир шунида шуд. Инчунин бо овоздихии иштирокдоштагон  раиси ташкилоти ибтидои аз нав интихоб шуда вакил ба Конференсияи ХХI уми ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардид.

БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

.

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 -  и шаҳр Сайдалиева Шаҳодат иттилоъ дод, дар  толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №1, бо мақсади баланд бардоштани  савияи дониши ҳуқуқии хонандагон  ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 то 31. 10. 2019 ҳафтаи ҳуқуқ дар муассиса эълон гардид.