ЛЕВАКАНТ: ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Шоми 30-юми август, дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ: ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ
30-юми август, дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи амалиёти Иттифоқҳои касаба барои сулҳ” ва Рӯзи дониш раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон-Ширинзода М. ва раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант-Мусоева Бибисоро, яке аз собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр-Файзов Неъматуллоро аёдат намуданд. Зимни аёдат ӯро ҳамчун собиқадори соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ намуданд. Ин иқдом идома дошта аз тарафи масъулини Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант собиқадорони соҳаи маориф қадрдони мешаванд гуфт Бибисоро Мусоева.
ЛЕВАКАНТ: ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Имрӯз 29-уми август, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, Маркази ВНМО ва ТТҲС-и шаҳр, бо занону бонувони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», дар бунгоҳи тиббии деҳа вохӯрӣ намуданд.
Дастгирии ҷамоати шаҳрак ба ниёзмандон
Манучеҳр Саидқулов, яке аз ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, айни замон масъулияти иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки "Сарбанд"-и шаҳри Левакантро ба уҳда дорад.
Ӯ мегӯяд муроҷиати шаҳрвандон дар ҳама самт хеле зиёданд. Ҳамарӯза сокинони зиёд дар ин ё он масъала муроҷиат менамоянд. Албатта мо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун пайваста таъкид мекунанд, ки дар хизмати халқ бошед, дар хизмати сокинони шаҳр ҳастем. Ӯ таъмини амнияту осудагии сокинонро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад.
Ӯ вабаста ба муроҷиати шаҳрванд барои таъмини либоси ягонаи мактабӣ ва ҷиҳози хониш боз барои як наврас кумак расонида, ба ин васила саҳми худро дар некуаҳолӣ ва дастгирии ниёзмандон гузошта истодааст.
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРИ МАРДӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Манучеҳр Саидқулов бо иқдоми хайрхоҳонаи худ ба ду кӯдак як духтару як писар аз оилаҳои камбизоат ҳамчун туҳфа либоси ягонаи мактабӣ тақдим кард.
Падару модари духтарак маъюби гурӯҳи якум буда, модар аз қувваи босира ва падараш аз ду пой маҳрум мебошанду барои хариди либоси ягонаи мактабӣ ва таъмини шароити хониши духтарашон то имрӯз фикр мекарданд, акнун ин мушкилашон ҳал шуд.
Волидони ин наврасон барои чунин дастгири ва ғамхориҳои пайваста аввалан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша изҳори сипосу минатдории самими карданд.