ЛЕВАКАНТ: АКСИЯИ ГУЛШИНОНӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдилдодани он дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷиҳати ободу зебо гардонидани гушаю канори шаҳр имрӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, аксияи гулшинонӣ зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур масъулин бо меҳнати софдилона ва ба як руҳияи баланд дар аксияи мазкур фаъолона ширкат варзида гулҳои зебову ороишеро, ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, дар саҳни Кумитаи иҷроия шинониданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ШАҲР

.

Имрӯз 5-уми ноябр, дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Левакант, бахшида ба 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ИСТИҚБОЛИ ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАС

.

Тавре иттило дода будем се варзишгари навраси шаҳри Левакант, дар Чемпионати байналмилалии G1 оид ба Теквандо ВТ, ки чаде пештар дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуда, ҳарсеяшон бо медал баргаштанд.

Варзишгарони наврасро дар саҳни Қасри Фарҳанги шаҳр масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, падару модар, ҷавонону ҳамсолон бо туҳфа ва гулу гулдаста истиқбол гирифтанд.

КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

.

Конститутсияи кишвари мо, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия аст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёфт, сулҳу амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, рушди устувори иқтисодии кишварамон таъмин шуда истодааст ва барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона муҳайё мегардад. Маҳз муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ВА ОБОДОНӢ

.

Имрӯз шанбе 2-юми октябр, ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, шанбегии умумишаҳрӣ эълон шуд.

Дар ин шанбегӣ кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар ва назди бинои ташкилоту корхонаҳои худ корҳои васлу насби шиору овезаҳо ва корҳои ободонию тозагӣ гузарониданд.