ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РУЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ
30-юми июл, дар қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Левакант, бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ ба муносибати рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Нахуст масъулини Мақомоти иҷроия аз шароити корӣ ва намоиши техникаву таҷҳизоти кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳр дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои муҳофизати шаҳри Левакант аз сухтор дорои 4 нақлиёт ва муҷаҳаз бо дигар техникаву лавозимоти корӣ мебошаду дар ҳолати омодабош қарор доранд.
ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШАҲР
Субҳи имрӯз 30-юми июл, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, аз тарафи кормандони ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр, дар шоҳроҳ, кӯчаи Рӯдакӣ, кӯчаи марказӣ ва назди ташкилотк корхонаҳо ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳашари дастаҷамъона, кормандони ҳар як ташкилоту корхона қитъаи вобастабудаашонро аз алафҳои бегона тоза намуда, гулу бутта ва дарахтонро ба шакл дароварданд.
Боиси қайд аст, ки чунин корҳои тозагию ободонӣ дар шоҳроҳ ва дигар кӯчаҳои шаҳр, тибқи нақшаи доимӣ аз тарафи кормандони ташкилоту корхонаҳо, пайваста гузаронида мешаванд.
ТАҚЛИДҲОИ КӮРКӮРОНА ЧӢ ЛОЗИМ?
Либоси миллӣ пояи фарҳанги миллат, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки тӯли асрҳо рисолаташро иҷро кард ва миллатро муаррифгар буд. Чун сухан дар боби либоси миллӣ равад, ҳатман пеш аз ҳама симои зан–модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат буд.
БИЁ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!
ЛЕВАКАНТ: “ШОМИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ДЕҲАИ ВАХШ
Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо ташаббуси масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” дар деҳаи Вахши шаҳрак чорабинии фарҳангии “Шоми Истиқлол” баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ва дигар масъулин ба аёдати муйсафеди 101-солаи деҳа Нуралиев Миралӣ рафта аз ҳолу аҳвол ва зиндагияш хабар гирифтанду барги сабзе ҳам тақдим намуда дуояшро гирифтанд. Ҳамзамон бобои Миралиро ба чорабинӣ даъват намуданд, ки ӯ ҳам муштоқи иштирок дар ин чорабини буд.
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР КӮЧАИ МАРКАЗӢ
Имрӯз шанбе 27-уми июл, дар шаҳри Левакант бо ҷалби тамоми ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҳашари шанбегии дастаҷамъона кормандони соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, беш аз ҳазор метр ҷуйҳои обравӣ кучаи марказиро аз хоку лой тоза намуда, барои хобонидани латокҳои бетонӣ омода карданд.
Инчунин дар ҳамин рӯз атрофи дарахтон ва гулу буттаҳои шафати роҳи кӯчаи марказиро нарм намуда, саҳми худро дар шанбегӣ гузоштанд.