Тири нохалафон хок хурд!

.

ТЭТ  ҲНИ, ДИИШ ва дигар созмонҳои терористию ифротӣ барои халалдор кардани оромӣ дар Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Аммо Мақомоти қудратии мамлакат барои таъмини амнияту суботи кишвар ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки гурӯҳҳои ифротию нопок ҷомеаи моро ноором созанд. Ҳодисае, ки шаби шашуми ноябр дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» рух дод, албатта кори дасти яке аз гурӯҳҳои ифротӣ аст. Чунки онҳо дар дил ба ғайр аз бухлу кина ва бадбинӣ чизи дигареро ҷой намедиҳанд. Агар гӯем, ки онҳо роҳгумзадаанд хато намекунем. Хоҷагони хориҷиашон онҳоро бо андак пули ночиз фиреб додаву ҳамеша нақшаҳои навро барояшон пешниҳод мекунанд. Аммо имрӯз КДАМ ва дигар сохторҳои низомии кишвар тамоми нақшаву ҳадафҳои чунин гурӯҳҳои нохалафро дар ҷояш санҷидаву маҳв месозанд. Баъд аз маҳв шудан тарғиботчиёнашон зуд дар сомонаҳои иҷтимоӣ сару садо баланд карда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён мекунанд. Ҳоло онки ҷойи зисташон Тоҷикистон асту аз обу хоку тамоми мавҷудоташ истифода мебаранд. Амнияташон бошад ба пуррагӣ таъмин аст. Чаро онҳо хиёнат ба падару модару пайвандонашон мекунанду боз бо овози баланд худро мусалмон мегуянд. Ҳоло онки баъзеашон аз ислом ҳатто хабаре надоранд. Магар дар дини мубини ислом қатли падару модару хоҳар равост? Албатта не, пас чаро баъзе аз ҳамватанони гумроҳи мо ба чунин кор қодиранд? Фақат як ҷавоб ҳаст: беномусӣ, бешарафӣ,  бефарҳангӣ, гумроҳӣ, ҳирс...

Хуллас, мардони бонангу номус ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба пойи миллати тоҷик хоре халад ва арзишҳои моддию фарҳангӣ аз дасти чунин бадхоҳон несту нобуд гардад. Барои ҳимояи Ватан ва ҳамватанонашон ҷони худро сипар месозанд.

 

Ашуриён, ш. Левакант

Конститутсия - санади муқаддасу тақдирсоз

.

Санаи  6  ноябр дар таърихи давлатдории тоҷикон як  санаи бисёр  муқаддас, пурифтихор  ва  сарнавиштсоз  мебошад. Расо 25 сол  пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 мардуми сарбаланди тоҷик ба таври райъпурсии умумихалқӣ конститутсияи кишвари хешро қабул намуданд. Бо дарки масъулияти  таърихии  худ дар  назди  миллат ва  Ватан  мо  ба  барқарор  кардани сулҳу созиш ва ваҳдати  миллӣ  шурӯъ  намудем.

Аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, мардуми тоҷик Истиқлолияти комилро озодона ба даст овард. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо истода буд, ки ҳар чи тезтар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишварро қабул бояд кард.

Таҷлили Конститутсия

.

Бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Левакант чорабинии идона  доир гардид. Қабл аз оғоз намоиши китобҳои адибони классик, муосир ва бачагона пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Ба истиқболи 27 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Мавзуъ:  Ҳабдаҳ  лаҳзаи  тирамоҳи  соли наваду  дуи  асри  ХХ  

 

Ҳамаи  воқеаҳо  ва  рӯйдодҳое, ки  дар  таърихи  ин  ё  он  кишвару  миллатҳо  саҳифаҳои  сифатан  нав  ворид  месозанд, аз  шаҳре,  майдоне, қасре  ё  мавзеъе  манша  мегиранд  ва  ҳамчун  рамзи  ин  воқеот  абадӣ  мемонад.