Бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтномаи миллат
Озодии инсон, ки ба сад мазмун аст,
Озод касе, ки бандаи қонун аст.
Озодии инсон, ки ба сад мазмун аст,
Озод касе, ки бандаи қонун аст.
Ҳаёти ҷамъиятиро бидуни қонунҳои муайяне, ки аз тарафи Ҳукумат ва бо раъйи мардум қабул гардидаанд, тасаввур кардан номумкин аст. Дилхоҳ давлати мутамаддин дорои Конститутсияи худ мебошад, ки тамоми фаъолияти шаҳрвандон дар асоси он амалӣ мегардад. Конститутсия ҳаёти мардумро ба танзим медарорад, вазифа ва масъулияти ҳар як шахсро муайян мекунад ва ҳуқуқу озодиҳои онҳоро кафолат медиҳад. Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ буда, дар низоми ҳуқуқии дилхоҳ давлат мақоми баландтаринро ишғол мекунад.
ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ,
На следующей неделе президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Швейцарию, Чехию и Францию, а также не исключено посещение других стран Европы.
Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми гурўҳҳои манфиатдори минтақавӣ ва сиёсатҳои фароминтақавиро дунбол мекунад. Зимнан, сабки кор, тарзи ҷамъоварӣ ва таҳияи матолиб, таъйину табодули маълумот, баҳисобгирии дақиқи мавзўъот, муҳтавиёти таваҷҷуҳбарангези мавод, фаврияти хабар ва билохира равиши пахши хабару иттилооти расонаи «Озодӣ» тибқи реҷаи махсуси корфармоёни хабаргузорӣ роҳандозӣ ва замонбандӣ шуда, мувофиқи муқтазиёти сиёсӣ ва стратегии раҳбарият ва мудирияти он матолиби характери гуногундошта дар вақту замони муайян ва мушаххас расонайӣ мешаванд. Ин шеваи мудирият ва фаъолият, ки одатан дар дигар расонаҳои расмӣ ва ѓайрирасмӣ (хусусӣ ва мустақил) ҳам ба назар мерасад, аз дигар расонаҳо бо ба вуҷуд овардани вазъи ноамнӣ, бесуботӣ, бетафовутӣ, ҳангомасозӣ, шўрандозӣ, нифоқандозӣ ва дар маҷмўъ, иѓвоангезии фавқулода дар манотиқи мавриди назар тафовут дорад. Ба ин далел Радиои Озодӣ аз оѓози фаъолият ҳадафҳои вежаи сиёсату қудрати ҷаҳониро дар мамолики гуногуни фақрзада, ақибмонда, вопасгаро ва суннатӣ пиёда месозад ва тибқи нишондоди сиёсии сарпарастони беруна матолиби мавриди писанд ва дар бисёр маворид иттилооти махсус пешбинишударо интишор медиҳад ва бо суръати кайҳонӣ расонайӣ месозад. Гузашта аз ин, матолиби банақшагирифташуда ва пасон интишорёфта, асосан бо такя ба манофеи сиёсӣ ва геостратегӣ»-и сарпарастони расона ва «муштариён»-и он интихоб, таҳия ва пахш мегарданд. Ба таъбири дигар, иттилоот ва ахборе, ки ба ҳадаф ва стратегияи сармоягузорони расона мувофиқ аст ва дар фазои муайяну мушаххас мушкил андар мушкил эҷод карда метавонад, тадриҷан пахш мешавад ва аз ин тариқ фазо ва муҳитҳои мавриди назар таҳти контрол ва назорати расонайӣ қарор мегирад. Ин шеваи маъмули кор бозгўкунандаи он аст, ки Радиои Озодӣ, бо он ки иттилооту ахбори гуногунмавзўъ ва мухталифмуҳтаворо ба маърази нигариш ва масири истимоъ мегузорад, бо иѓво ва матолиби иѓвоангезу «таваҷҷуҳбарангез» сари кор мегирад.