Ҷашни Рӯзи Президент нишонаи арҷгузории халқи тоҷик ба Пешвои худ аст

.

Тайи чанд сол аст, ки ҳамчун 16-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифта, ин рӯзро мардум ба нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва камназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО

.

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бидуни ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати хориҷии худро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин мекард ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд.

Иваз намудани номи ташкилот хиёнатҳои ӯро руйпуш намекунад. (дар ҳошияи ТТ ҲНИ)

.

Дар хусуси ташкилоти террористӣ эътироф гардидани ҲНИ борҳо тавассути расонаҳои гуногун маводҳои таҳлилӣ ба табъ расидааст ва дар бораи ин хурду бузурги кишвар ва ҷаҳон маълумот дорад. Боиси таассуф аст, ки аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ дар оғӯши Тоҷикистони биҳиштосо ба камол расида, аз боду ҳавои мусаффояш нафас кашида, обу нони муқаддасашро чашида, имрӯз курнамаки карда, ба решаи худ теша мезананд. Аз дур истода сангзанӣ карданро ба худ хос шуморида, дигаронро низ чун худ гумроҳ кардан мехоҳанд.

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ЧАШМИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО БОЗ ҲАМ ХИРАТАР МЕСОЗАД

.

Дар саҳифаи “Ахбор”-и шабакаи иҷтимоии facebook маводи кӯча кезери унвони “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” интишор ёфтааст, ки аз иттилои мазкур бешубҳа аён мегардад, ки он аз ҷониби хоинони миллат ва ташкилотҳои экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ва  паймони миллӣ таҳия ва паҳн гардидааст.

Баргузории Конференсия

.

Санаи 14.11.2019 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагии Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимимияти давлатии шаҳр- Азизов М.Ҳ. ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ЛКСК-и шаҳр конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоӣ иқтисодии кишвар» доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур вобаста ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулин баромадҳо доир гардида, касбомӯзон дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат намуданд.