ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ АДИБОНИ ШАҲР АЗ ТАРАФИ ШАҲРДОРӢ...

.

Имрӯз раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ ба серкории худ нигоҳ накарда ба аëдати банда омаданд. Аз суҳбат бо он кас дарк кардам, ки эшон дар баробари дилсӯзу ғамхор ва хеле хоксор буданашон, инчунин фарҳангдӯсту бомаърифат низ будаанд. Аз ташрифи раиси муҳтарам хеле шод гашта, барояшон барору комëбӣ таманно кардам.

 

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР КОРХОНАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ

.

Масъулин ва кормандони Корхонаи бехатарии озуқавории шаҳри Левакант, дар назди корхонаи худ шанбегӣ гузарониданд. Онҳо тибқи нақшаи кабудизоркунӣ як миқдор ниҳол ва гулу буттаҳои ороиши шинонида, атрофи корхонаро ба тартиб дароварданд.

ЛЕВАКАНТ: ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАТБОНУИ БЕҲТАРИН»

.

Имрӯз бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, даври шаҳрии озмуни «Катбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: Ниёзмандон мавриди таваҷҷуҳ мебошанд

.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори шаҳри Левакант ба роҳбарони тамоми ташкилоту корхонаҳо супориш додаанд, ки вобаста ба имконият, ба шахсони ниёзманд, пирону барҷомондагон ва шахсони имконияти маҳдудидошта аз лиҳози модию маънавӣ кумак расонанд. Чун оҳо ҳам як узви ҷомеа буда, ба дастгири ниёз доранд.