Гар дасти фитодае бигири мардӣ
Ба иттилои масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии ва аҳолии шаҳри Левакант, худи ҳамин рӯз 14-уми феврал, волидони Қосимов Абуалӣ барои кумак ба кӯдаки маъюбашон муроҷиат намуданд. Масъулини бахш-дар пайи ин муроҷиат ба Абуалии 6-сола, ки ба аробачаи маъюби эҳтиёҷ дошт ба ӯ аробача кумак намуданд. Хушҳоии Абуалӣ ва падару модараш барои таъмини аробача бениҳоят афзуда, онҳо ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва МИҲД-и шаҳри Левакант, ба қишри ниёзманду осебпазир ва камбизоати аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.