Ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар ч/д Вахдат дех. Точикобод

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 11 июни соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант бо якчояги бо корманди маркази репродуктиви ва хамшираи КАТСи ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар ч/д Вахдат дех. Точикобод ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ҶОМИ РАИСИ ШАҲР НАСИБИ КИ ШУД?

.

Шоми 10-уми июн, бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ» барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Левакант, даври финалии футболи хурд байни дастаҳои футболбози Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК» аз ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва СНБО «Сарбанд» аз ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар майдончаи варзишии МҒ Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант бо ҳам сабқат карданд.

ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШ МУАРИФГАРИ МИЛЛАТ

.

Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақша-чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи шаҳри Левакант ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ҳудуди шаҳр, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва деҳаву маҳаллаҳо пайваста мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, гуштин ва дигар бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад.

ЛЕВАКАНТ: КУШОДАШАВИИ МАЙДОНЧАҲОИ ТАНДУРУСТИВУ ИСТИРОҲАТИИ КӮДАКОН

.

Тибқи нақша-чорабинии Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии томактабии №2-и шаҳри Левакант имрӯз 11-уми июн, майдончаҳои тандурустии истироҳатии кӯдакона дар давраи таътили тобистона оғоз гардид. Бахусус, кушодашавии чунин майдонча бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, бахши маорифи шаҳр, гузарониданида шуд.