ҶАВОНОН ВА СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТИ

.

АНДЕША: Имрӯзҳо интернет қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як шахс, хусусан ҷавон аст. Ҷавонон интернетро барои муошират, омӯзиш, фароғат ва бисёр мақсадҳои дигар фаъолона истифода мебаранд. Аммо, дар баробари манфиатҳои он, интернет инчунин як қатор хатарҳо ва оқибатҳоро дар бар мегирад, ки метавонанд ба ҷавонон таъсири манфӣ расонанд.

ЛЕВАКАНТ: КИТОБ-БЕҲТАРИН САРМОЯ

.

Китоб сармояи бузургест, ки шахси дорандаи он метавонад тамоми дунёро ба даст биорад. Хонаи бекитоб ба мисли шоми бечароғест, ки ба дили кас танҳо торикию тарсро ба вуҷуд меорад. Мардуми тоҷик аз азал китобдӯст ҳастанду ин ганҷинаро ҳамеша бо худ нигоҳ медоранд.
Вализода Бердӣ Раҷаб-шоир, собиқадори соҳаи маориф, дорандаи Медали хизмати шоистаи Ҷумурии Тоҷикистон, аз зумраи он нафаронест, ки сармояи бузург, китобхонаи шахсии худро дораду имрӯзҳо аз дари ин китобхона даҳҳо хонанда даромада бо худ ғизоӣ маънавӣ мегиранд.

ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲР

.

Имрӯз 22-юми июл, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши Хадамоти муҳоҷират, МТТҲС, Муассисаи давлатии Макази ВНМО дар назди биноҳои баландошёнаи Борбад 31,37,39-и шаҳр, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ буда, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Ин ҳуҷҷати таърихию сарнавиштсоз танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Он ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян карда, муносибатҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим менамояд. Барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар инсон фазои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меорад.