ЛЕВАКАНТ: РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ШАҲРНИШИНӢ ҲАТМИСТ

.

Мутобиқи супориши раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, вобаста ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ, тозагию ободонӣ, наовехтани либос ва дигар ашёи рӯзгор аз панҷараҳои хонаҳои баландошёна, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки бо сокинони хонаҳои баланошёна корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

ЛЕВАКАНТ: МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН

.

Мудири муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант-Дилором Каримова ҳамроҳи гурӯҳи кории худ бо сокинони бинои баландошёнаи Сомонӣ 13-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ҷиҳати риояи маданияти шаҳрнишинӣ бо усули «Хона ба хона» суҳбатовхӯрӣ гузаронид.

ЛЕВАКАНТ: ШУКУҲИ БАҲОР

.

 
Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол, фасли зиндашавии табиат ва айёми зебогии замину замон аст. Дар баҳор тамоми гулу дарахтон, тамоми растаниҳои рӯи замин мешукуфанд. Ҳатто ин фасл одамро низ мешукуфонад. Дар фасли баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин, фасли накуиҳо ва фасли бобарору пурфайз низ меноманд.
1-уми март, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар саҳни Қасри Фарҳанг, гулгашти Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ бахшиба ба оғози фасли зебои сол баҳори ҳуҷастапай гузаронида шуд.
Чун баҳор фасли зебоиҳост, чакану атласу адрас ба он боз ҳам ҷилои хоса мебахшанд. Бонувони ҳунарманди шаҳри Левакант, бо ба бар намудани либосҳои сирф тоҷиконаи чакану атласу адрас дар гулгашти Парчам ва майдони марказии шаҳр сайругашти идона намуда, аз омадани баҳор хушҳолӣ ва рақсу сурудхонӣ намуданд. Гулдухтаракон ба завқ омада, бозиҳои гуногуни кӯдакона ва чиқилбозӣ карданд. Наврасону ҷавонон бошанд ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул гардидаву қисме аз ҷавонон дар ҳар гӯша ба хондани китоб машғул гаштанд. Дар назди Касри фарҳанг ва майдони марказии шаҳр фазои хеле зебои идона ҷилва намуд.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо муовини раиси шаҳри-Левакант Шоҳиён Саъдулло ва дигар масъулини Мақомоти иҷроия иштирок намуда, аз ҳунарнамоии бонувони шаҳр, сайру гашти идонаи онҳо, намоиши мусаввараҳои расомони навраси Мактаби санъати бачагонаи бахши фарҳанги шаҳр, намоиши бозиҳои варзишии дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр дидан намуданд.
Воқеан ҳам дар ин рӯз шаҳри Левакант, қабои идона ба бар кардаву ҳамагӣ аз омадани баҳори ҳуҷастапай гул-гул мешукуфтанду хушнудӣ мекарданд.
Боиси зикр аст, ки дар фасли баҳор ба ҷуз кишту кору маъракаи ниҳолшинонӣ иду ҷашнҳои зиёде таҷлил карда мешаванд. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки ин иди байналмилалии Наврӯз асту ҳамасола аз 21 то 24 март таҷлил мешавад. Дар ин фасл инчунин 8 март-Рӯзи Модар, 11 март-Рӯзи матбуоти тоҷик, 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин ҷилвадиҳандаи баҳор Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва Фестивали фарҳангӣ-фароғатии «Чакомаи гесӯ» мебошанду чандин озмуну чорабиниҳои миллӣ хоси ин фасли зебои сол аст.
Ба истиқболи ин фасли зебои сол месазад бигӯем:
Ҳаво гарму замин нарму гулу себарга рақсон шуд,
Табиат боз хандон шуд, Баҳорон шуд! Баҳорон шуд!