ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ 1-УМ, ДАЪВАТИ 4-УМИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ “САРБАНД” ВА ИНТИХОБИ КАДРҲОИ ЛАЁҚАТМАНД БА МАНСАБҲОИ НАВ

.

Имрӯз 18-уми март, бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, вакилинони шаҳрӣ ва ҷамоат дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, иҷлосияи якум даъвати 4-уми Маҷлиси вакилони ҷамоти шаҳраки “Сарбанд” баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи Комиссияи интихоботӣ оид ба вакилони ҷамоати шаҳрак шунида шуд.

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

.

Левакант-шаҳри нур, шаҳри сабз, шаҳри зебо, шаҳри гулҳо, шаҳри орзуҳост.

Бо иқдом ва ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир аст, ки дар фасли баҳор дар тамоми манотиқи кишвар Фестивали «Сайри гули лола» гузаронида мешавад.

ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ-ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШ ВА МАСЪАЛАГУЗОРИҲО

.

17-уми март, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант, бо пурсиши иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи сипарӣ оғоз гардида, баъди таҳлилу баррасӣ, барои ҳафтаи ҷорӣ вазифагузориҳо карда шуд.

Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафт ва шукуфоию ободонии Тоҷикистон таъкиди махсус намуданд.

Мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ

.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ
истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI ба мушкили глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Террористон бо таркондану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд. Онҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангезона ва ваъдаҳои дурӯғин, мехоҳанд сафи аъзои худро зиёд намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод. Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва экстремизм ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст. Терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ дар шароити кунунӣ дар баробари талафоти зиёди ҷониву молӣ, ҳамчунин, монеаи асосии ҳалли дигар мушкилоти байналхалқӣ шудаанд. Дар ин маврид ниёз ба он аст, ки аввалан масъалаҳои терроризм ва ифротгароӣ роҳи ҳалли худро ёбанд то шароити мувофиқ барои рафъи мушкилоти дигар падид ояд. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо низ зарур аст, ки ба масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Бо муборизаи худ алайҳи ин зуҳуроти нангин, мо метавонем дар рафъи терроризми байналмиллалӣ саҳми худро гузорем.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст.
Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.
Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатӣ мебошад.
Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.
ГУЛШАН ҒУЛОМОВА роҳбари Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант
Возможно, это изображение текст «ТЕН ТЕНОРИ ОРИЗМ ЭКСТРЕМ.ИЗМ ИЗМ»
 
 
 

ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТИ Ҷ/Д ВАҲДАТ

.

16-уми март, дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам бо тамоми рукнҳо ва сунатҳои наврӯзӣ тантана кард.

Субҳи барвақт гулдухтаракони деҳот ба тамизкорию курпабарорӣ, тоза намудани ҳавлию хонаву дар, кӯдакон шеърхонон ба арғунчакбозӣ ва қисме ба ороиши рӯю муй усмакашӣ ва дигар корҳое, ки махсус дар фасли баҳор ва омадани иди Наврӯз анҷом дода мешуданд машғул гаштанд.

Як гурӯҳ гулдухтаракону ҷавонон ҳамчун анъанаи куҳани гулгардонӣ, маросими гулгардониро хеле хуб иҷро намуданд. Онҳо шеърхонон ба соҳибхонаҳо гулҳои баҳорӣ тақдим намуда, муждаи рафтани дай ва омадани фасли баҳорро медоданд. Соҳибхонаҳо бошанд бо гирифтани гул ба ҳар як кӯдак ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ шириниҳо тақдим карданд.