ЛЕВАКАНТ: ОЗМУНИ «ВАТАНПАРВАР» БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШ

.

18-уми феврал, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ, тибқи нақша-чорабинии якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши маориф, Комиссариати ҳарбии шаҳр ва КШ ТҶММ дар шаҳри Левакант, Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд.

ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИС

.

Имрӯз душанбе 17-уми феврал, Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ бо пурсиши иҷрои супоришҳои ҳафтаи сипари оғоз гашт.

Сипас ӯ вобаста ба иҷрои қисми даромади буҷет, шанбегиҳо, тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, кишти саривақтии зироатҳо мувофиқи дурнамо, тоза намудани заъбуру заҳкашҳо, омодагӣ ба Рӯзи Артиш, Рӯзи Модар ва Наврӯз, пешгири аз ҷиноят ва қонуншиканиҳо, ташкили чорабинӣ ва мусобиқаҳои варзиши, сохти меъморию шаҳрсозӣ, рафти омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими СИЁСӢ-ИНТИХОБОТ, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ

.

Имрӯз 15-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд.

Дар ин шанбегӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”, кормандони корхонаҳои саноатӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар тозагӣ ва ободонии Боғи фарҳангӣ гузоштанд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ БО НАМОЗГУЗОРОН

.

Масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” зимни адои намози шом бо намозгузорон вохӯрӣ намуданд.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз қонуншиканӣ, ҷинот ва дигар амалҳои номатлуб, аз масъалаҳои муҳими ин вохӯрӣ буд.

ЛЕВАКАНТ: ТОЗАГИИ ШАҲР АЗ МО ВОБАСТААСТ

.

Таҳти чунин шиор бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри ва ҷалби ихтиёриёни Ҳизб, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант, шанбегӣ гузаронида шуд.

Тозаву озода намудани боғ, нарм намудани бехи гулу дарахтон дар ин рӯз аз тарафи ихтиёриён анҷом дода шуд. Чунин тозакорию ободонӣ, гулшинонӣ ва дигар корҳои сабзкорӣ пайваста бо ҷалби ихтиёриён гузаронида мешавад.