ЛЕВАКАНТ: МУАРРИФИИ НОМЗАДҲО АЗ ҲАВЗАҲОИ №10 ВА №11

.

 
Дар доираи корҳои таблиғотии пешазинтихоботии Маҷлиси вакилони халқ, бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакан, номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Исмонқулова Маҳбуба аз ҳавзаи интихоботии №10 ва номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Турахонов Шаҳзод аз ҳавзаи интихоботии №11, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и ДБССТ дар шаҳри Левакант бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ номзадҳо муаррифӣ гашта барномаи пешазинтихоботии худро манзури иштирокдорон намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 7
 
 

ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ЛКСК

.

20-уми феврал, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ иборат аз сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Сангова Фариштамоҳ, масъулини Маркази ТТҲС-и шаҳр, масъулини Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО бо донишҷӯёну омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: НАЗДИ БИНОИ КАТС ГУЛЗОР МЕГАРДАД

.

20-уми феврал, дар мавсими гулшинонию кабудизоркунӣ, масъулин ва кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, дар назди бино ва ҳавлии Шуъбаи марказии Кумаки авалияи тиббию санитарии шаҳр, тариқи ҳашари дастаҷамъона кабудизоркунию гулшинонӣ карданд.

Дар ин рӯз онҳо беш аз 400 гулҳои ороишии плинтус, серенаи ҳиндугӣ, кашиан ва дигар гулу буттаҳоро шинонида ба саҳни бинои корхонаи худ зеби дигар бахшиданд.

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШ

.

Бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, бахшида ба 32-солагии Артиши миллӣ, собиқадороне, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доранд аёдат шуда, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва ҶСК «Ориёнбонк» кумаки яквақтаинаи ғизоӣ ва туҳфагузорӣ карда шуданд.

Раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, директори ҶСК "Ориёнбонк"-Боронов Муҳаммадусмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода ва дигар фаъолон зимни ин аёдат бо собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбат намуда, аз вазъи зиндагӣ ва ҳолу аҳволашон пурсон гаштанд.

ЛЕВАКАНТ: ДИДОРБИНИИ МОДАРОН АЗ САРБОЗОН

.

18-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, масъулини Комиссариати шаҳри Левакант ва як гурӯҳ занону бонувон афсарону сарбозони Қисми низомии №07256-и Коминдатураи ҳарбии гарнизони Хатлонро аёдат намуданд.