Масъулини ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" бо супориши шаҳрдорӣ, дар кӯчаи Айнӣ ва варзишгоҳи маркази шанбегӣ гузаронида, ба ҷашни Наврӯз омодагӣ диданд. Онҳо бо ҷалби сокинон ва кормандони варзишгоҳ дар атрофи варзишгоҳ гулҳои ороиши шинониданд, ки ин зебоӣ дар рӯзи баргузории чорабинӣ ҳусни дигар зам мекунад.
Дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, бахшида ба иди Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.
Мудири баҳши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Раҳимов Файзулло дар оғози чорабинӣ тамоми тарбиятгирандагон, маъмурият, мурабияҳо ва волидонро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуд.
Тибқи дастуру супоришҳои и.в.Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо фаъолзанони муассисаҳои таҳсилотҳои миёнаи умумии -1 ва 2 корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули "Хона ба хона" бо сокинони кӯчаҳои Борбад -33 ва 33/a оиди таълиму тарбияи фарзандон, шабгардию оворагардӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушиву худсузӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона байни занон ва ҷавонон роҳандозӣ намуданд.
Дар ҷашни Наврӯзи деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" ҳунармандон низ маҳсули меҳнати худро пешкаш намуда, бори дигар аз ҳунарманд будани мардуми тоҷик огаҳи доданд.
Нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳр дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун " Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар муасисаи давлати литсей рақами 2-и шаҳр бо иштироки Раҳимов Файзулло- мудири шӯъбаи маорифи шаҳр, Сафарзода Шодихон мутахасиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Ёров Абдулматин намояндаи Литсей Касби Саноати Кимёи дар шаҳр ва бо масъулини муасиса баргузор гардид.