ЛЕВАКАНТ: КУМАКПУЛИ БА КОРМАНДОНИ КДФ «ХМК»

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар арафаи иди саиди Фитр, кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию комуналии шаҳрро бахшида ба иди саиди фитр табрик намуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳар кадомашон туҳфаҳои пули тақдим намуд. Ӯ аз занони ин коргоҳ, ки дар ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр пайваста заҳмат мекашанд изҳори сипос намуд. Ва зикр кард, ки тозагию ободонии шаҳр аз шумо вобастагии калон дорад.

ЛЕВАКАНТ: Кумакпулӣ ба кормандони МДНРА-и шааҳр

.

Дар арафаи иди саиди Фитр, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроия, ба як қатор кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант кумакҳои пулӣ намуд. Зимни тақдими кумакпулиҳо Муминзода Мастура кормандони ин ниҳоди ободгарро ба иди саиди Фитр табрик намуда, барояшон саломатӣ ва ба хонаводаҳояшон файзу нусрат орзу кард. Ӯ иброз дошт, ки дар ободии маҳал ва роҳҳои маҳаллӣ шумо роҳсозон саҳми калон доред. Бо қудрату неъруи шумо Тоҷикистон азизамон ба яке аз ҳадафҳои стротегии мамлакат «Баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ» ноил гашта истодааст.

"Зинда бод дӯстии халқҳо!"

.

Иборае, ки рӯзи 8-уми апрел зимни баргузории аксияи хайриявӣ чанд маротиба садо дод.

Дар арафаи иди Саиди Фитр бо ташаббуси Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо ҶДММ "СиноҲайдро-Тоҷикистон" аксияи хайриявӣ ташкил карда шуд, ки дар ҷараёни он ба 90 - нафар шахсони маъюбу эҳтиёҷманди шаҳр кӯмаки яквақта расонида шуд.

Кӯмак ба ниёзмандон

.

ЛЕВАКАНТ-Дар арафаи иди саиди Фитр, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, чанд куҳансолу маъюбро бо асобағал таъмин намуд.

ЛЕВАКАНТ: ДАСТИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

.

Дар арафаи иди саиди Фитр, бо ташаббуси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ходимони дин 10-нафар аз ниёзмандони шаҳр аёдат шуда, кумаки якдаъфаинаи пули гирифтанд.