ЛЕВАКАНТ: ИСТИҚБОЛИ ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАС

.

Тавре иттило дода будем се варзишгари навраси шаҳри Левакант, дар Чемпионати байналмилалии G1 оид ба Теквандо ВТ, ки чаде пештар дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуда, ҳарсеяшон бо медал баргаштанд.

Варзишгарони наврасро дар саҳни Қасри Фарҳанги шаҳр масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, падару модар, ҷавонону ҳамсолон бо туҳфа ва гулу гулдаста истиқбол гирифтанд.

КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

.

Конститутсияи кишвари мо, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия аст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёфт, сулҳу амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, рушди устувори иқтисодии кишварамон таъмин шуда истодааст ва барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона муҳайё мегардад. Маҳз муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ВА ОБОДОНӢ

.

Имрӯз шанбе 2-юми октябр, ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, шанбегии умумишаҳрӣ эълон шуд.

Дар ин шанбегӣ кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар ва назди бинои ташкилоту корхонаҳои худ корҳои васлу насби шиору овезаҳо ва корҳои ободонию тозагӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: ГУЛШИНОНИ ДАР НАЗДИ МУАССИСАҲОИ КАТС

.

Масъулини ва кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, дар ин рӯз бо истифода аз ҳавои мусоид бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои корхона ва кӯчаи муассиса гулҳои гуногунрангӣ ороиши шинониданд, ки он ба намои зоҳирии корхона ҳусни дигар зам мекунад.

ЛЕВАКАНТ: ЗЕБО БАРОТОВА ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН ИШТИРОК КАРД

.

Бонуи ҳунарманд, рӯзгордидаю соҳибтаҷриба, беҳтарин зани Левакант, беҳтарин ҳамсар барои шавҳар, беҳтарин модар барои фарзандон, беҳтарин хушдоман ва беҳтарин муаллима барои шогирдон имрӯз дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» иштирок намуд.