ҶАЛАСАИ ҚИСМАТСОЗ

.

Паёми табрикии раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ба муносибати 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати ҷавони тоҷикон нақши бағоят арзишманд дорад.

Даҳсолаи охири асри 20 бузургтарин имтиҳон пешорӯи мардуми тоҷик ва тоҷикистониён буд. Имтиҳони раҳоӣ аз нестӣ, имтиҳони ҳифзи соҳибистиқлолӣ, имтиҳони давлатсозӣ.

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

.

Субҳи имрӯз, 16 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ҳашари умумӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ шуд.

Дар ноҳияи Хуросон ва шаҳри Левакант раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба кӯмаки деҳқонон пайвастанд.

ЛЕВАКАНТ: ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТИЮ ФАРҲАГӢ ДАР МТМУ №1

.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулини бахши маорифи шаҳри Левакант ва маъмурияти муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ЛИТСЕЙИ №1

.

Бахшида ба Рӯзи Президент, дар Литсейи давлатии рақами 1-и ш. Левакант чорабинии идона баргузор шуд.

Дар ин чорабини, хонандагон аз асарҳо ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо хонданд.

ЛЕВАКАНТ: Тантанаи Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

.

Имрӯз 14-уми ноябр, бо садо додани Суруди миллӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Левакант, чорабинии идона баргузор гардид.