Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ 

.

Барои навиштани ин мақола, каминаро фишурдаи маводи хоҳари гиромӣ Шаҳло Наҷмиддинова дар гурӯҳи "Кошонаи Шаҳло” дар шабакаи “Фейсбук”, водор намуд. Дар он номаи Манижа Абдураҳмонова, хоҳарарӯси Эҳсонхоҷа Мухторзода (Ёқубов), корманди комёб ва муваффақи зиндони рақами 3-юми шаҳри Хуҷандро, ки шаби 7 ноябр кушта шуд, нашр шудааст.

Шукуфоии меҳан - маргу заволи ТТЭ ҲНИ!

.

         Ҳафтаи сипаришуда тамоми тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ бесаброна санаи 16-уми ноябрро интизорӣ мекашиданд. Зеро дар ин санаи фархунда барои халқи тоҷик имсол ид болои ид омад ва таҷлили се санаи муҳими таърихӣ: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани аввалин агрегати НОБ-и "Роғун" мавриди истиқболи беназири миллат қарор гирифт. Ин рӯйдодҳои хабарсоз дар олами матбуот ва фазои маҷозӣ мавҷи мақолаву хабарҳо, вокунишу таҳлилҳои мусбату бисёр олиро падид овард ва таърифоту таҳсиноти бепоёнро перомуни шуҷоату матонат ва азму иродаи қавии  Пешвои миллати тоҷик дар сафҳаи таърих сабт кард.  Доир ба ин рӯзи хушу босаодати халқи тоҷик дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтанду навиштанд, истиқбол намуданд, ҳавас карданд, офарин хонданд.

Тўйи Тоҷикистон, мотами Кабирӣ гардид!!!

.

Чӣ хурсандист, ки тўйи тоҷикон мотами Кабирию ҲНИТ гаштааст.

Истиқлолияти кишвар заминаи асосии рушду инкишофи давлати соҳибихтиёру соҳибмустақил аст. Мусаллам аст, ки кишвари   азизамон аз баракати сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ рўз аз рўз шукуфон, ободу зебо ва алонур гардида истодааст. Бешубҳа ба сокинони кишвар лаҳза ба лаҳза шароити хубу зиндагии шоиста муҳайё мегардад. Барои расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи худ ҷонфишонӣ доранд. Новобаста аз кадом вазъу шароит бо ҳама нерую тавони худ талош менамоянд. Натиҷаи ин ҳама талошу ҷонифидоиҳо имрўзҳо дар ҳоли самар аст. Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони ҳаётан муҳими НБО «Роғун» дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра роҳандозӣ гардидааст. Ин албата орзуи деринаи миллат дониста мешавад. Мардуми тоҷик имрўз ид дорад, имрўз ин Кохи нур ба нурафшонӣ оғоз мекунад. Аниқтараш нур болои нур зам гардидааст, ки тиратарин дилҳоро фараҳ мебахшад. Зеро дар ин рўз расман рузи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. НБО «Роғун» дуррӣ нурафшонест, ки дар рўзи Президент бо ҳам тавъам омадааст.

Тоҷикистон тӯй дорад душманаш мотамсаро

.

           Имрӯз Ватани азизи мо тӯй дорад, бале ӽама хурду калон имрӯз хурсанду хандон ӽастанд. Зеро иншооти бузурги аср Нерӯгоӽи Барⱪиву Обии Роғун имрӯз, яъне 16-уми ноябр, ки  ба рӯзи Президент рост омадааст чархаи нахустини он мавриди истифода ⱪарор гирифт ва як ⱪисматаш ба кор шуруъ кард.   Роғун равшангари дилӽо, роӽ ба сӯи нур ва роӽ ба сӯи хушбахтиӽост.

Сомонаӽои бесомон

.

           Бо гузашти айём ва пешрафти замон ӽар рӯз як таҷӽизоти нав рӯи кор меояд ва башар ӽамⱪадам бо замон ба сӯи пеш равонанд. Дар ин нишеман ӽар кас ба гунае аз ин таҷӽизот истифода мекунанд. Нафаре барои беӽбуди  ва пешрафти халⱪу Ватани худ ва дигаре баръакси ин кор.