Тоҷикистон. Ташаббускорони ошӯби зиндон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд (Бознашр аз сомонаи «Центразия.ру» аз 16.11.2018с.)

.

Нисбат ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони ошӯби зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳбусон бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм ва экстремизм адои ҷазо менамоянд, тафтишот идома дорад. Лекин, тибқи маълумоти расида, аллакай маълум аст, ки ташаббускорони асосӣ ва гунаҳкорони куштори одамон, аз ҷумла посбонон, аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар он адои ҷазо менамоянд, мебошанд. Дар ин кор ба онҳо ҳаммаслаконаш аз озодӣ мусоидат намуданд.

МАШЪАЛАФРЎЗИ МИНТАҚА ЧАШМИ ҲАСУДОНРО КЎР МЕКУНАД

.

Тоҷикистон дорои  захираҳои бузурги энергияи неруи обӣ  буда, он дар як сол ба 527 млрд.квт/соат мерасад. Дар нақши захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он 317 млрд. квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқи дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.

Табрикот ба мардуми кишвар ва таъзия ба ТТЭ ҲНИ 

.

Имрўз дар Тоҷикистон ид болои ид аст. Мардуми шарифи кишварамон Рўзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва  ифтитоҳи фаъолияти иншооти бузурги аср - НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама бо чеҳраҳои хандон, дилҳои пурфараҳ ва лабрези шодӣ ҷашнҳои мазкурро таҷлил мекунанд ва хусусан аз кушодашавии ин нерўгоҳи азим, ки солҳо боз интизораш буданд, хурсанданд. Барои иштирок дар тантанаҳои идона ва шарик будан дар хурсандии мардуми Тоҷикистон шумораи зиёди  дўстони мо аз кишварҳои дуру наздик низ ташриф овардаанд.

Роғун  ва истиқлолияти энергетикӣ

.

             Бо ба кор андохтани чархаи аввали пружаи НБО Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи аввали татбиқи ҳадафи стратегӣ –истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Ин ҳадафи стратегӣ ду ҳадафи дигарро, ки тадриҷан татбиқ шудаанд, такмил медиҳад ва барои ба сатҳи кишварҳои тараққикарда ва мутамаддин расидани Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Аз ин ҷост, ки 16 ноябр барои мардуми Тоҷикистон Рўзи мурод ба шумор меравад ва ин сана ба унвони санаи таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи ватанӣ боқӣ мемонад.