ИТП ТЭТ аъзолари ќамоќхонадаги исён сабабчиларидир

.

Хўжанд шањридаги оѓир ва ўта оѓир жиноятлар, терроризм ва экстремизм учун жазо муддатини ўтаётган мањкумлар саќланувчи 3-раќамли колонияда юз берган исён ташкилотчилари ва иштирокчиларига нисбатан текширув давом этмоќда.

Тоҷикистон. Ташаббускорони ошӯби зиндон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд (Бознашр аз сомонаи «Центразия.ру» аз 16.11.2018с.)

.

Нисбат ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони ошӯби зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳбусон бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм ва экстремизм адои ҷазо менамоянд, тафтишот идома дорад. Лекин, тибқи маълумоти расида, аллакай маълум аст, ки ташаббускорони асосӣ ва гунаҳкорони куштори одамон, аз ҷумла посбонон, аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар он адои ҷазо менамоянд, мебошанд. Дар ин кор ба онҳо ҳаммаслаконаш аз озодӣ мусоидат намуданд.

МАШЪАЛАФРЎЗИ МИНТАҚА ЧАШМИ ҲАСУДОНРО КЎР МЕКУНАД

.

Тоҷикистон дорои  захираҳои бузурги энергияи неруи обӣ  буда, он дар як сол ба 527 млрд.квт/соат мерасад. Дар нақши захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он 317 млрд. квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқи дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.