Мизи мудаввар: Ҳаёти безӯроварӣ-зиндагии шоиста
Бо ташаббуси бахши кор занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва “16 рӯзи бе зӯроварӣ” нимаи рӯзи 29 ноябр дар литсейи касбӣ саноати кимиёи шаҳр таҳти унвони “Ҳаёти безӯроварӣ-зиндагии шоиста” мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он беш аз 50 нафар аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодони шогирдони ин муассиса иштирок доштанд.