Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст»

.

Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст»

ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъуди Сипанд, шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи Амрико аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони абармарди таърихи Тоҷикистон ном бурд.

Масъуди Сипанд дар суҳбати ихтисосӣ  бо журналист-шореҳи сиёсии АМИТ “ХОВАР” Хуршеди Ховар гуфт, ки “ман ба Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон ном гузоштам. Яъне, таърихи Тоҷикистон аз эшон ёд хоҳад кард. Агар эшон набуданд, мамлакат дар дасти муллоҳо мебуд. Ин мамлакат мисли Афғонистон шуда буд. Аз ин минбар ба мардуми Тоҷикистон мегӯям: “Эй мардум, ҳушёр бошед ва фиреби муллоро нахӯред”.

ГИРДОБ...

.

Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Эътирози мардум дар назди дафтари САҲА дар ш.Душанбе

.

Cубҳи 7-уми сентябр тахминан соатҳои 9 дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Меҳдӣ Каррубӣ гуфт, ба ҷои "ситоиш" Хоманеиро ҷавобгӯ кунанд

.

Як ислоҳотталаби саршиноси Эрон аз Маҷлиси хубрагон, ки бояд бар фаъолияти Раҳбари Олии ин кишвар Оятулло Алӣ Хоманеӣ назорат кунад, даъват кард, ки ба ҷои"ситоиш"и беандоза ӯро ҷавобгӯ кунанд.