ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДИДАН НАМУД

.

Имрӯз 24-уми апрел, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар якҷоягӣ бо масъулини бахши кишоварзии шаҳр, аз рафти кишти пахта ва дигар корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ба иттилои масъулини бахши кишоварзӣ айни ҳол кишти пахта ҷараён дошта хоҷагидорон аз 1030 га нақшаи кишти пахта 950 га-ро кишт намудаанд, ки то ба ин рӯз 92%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Кишти пахта ҷараён дошта барзгарон азм доранд, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ нақшаи кишти пахтаро ба пурагӣ иҷро намоянд.

ЛЕВАКАНТ: ОСОРХОНА МАКОНИ ТАЪРИХУ ТАҲҚИҚ

.

Сафарзода Саидраҳим Сафар сардори Шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, Аламшозода Олуфта сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Зоирзода Комилҷон-прокурори шаҳри Левакант, Қурбонзода Ҳаким сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Хатлон пас аз як вохӯрӣ бо фаъолону ҷавонони шаҳри Левакант, аз «Осорхона»-и Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант дидан намуданд.

ЛЕВАКАНТ: НАҚШАИ ГУЛШИНОНӢ КАБУДИЗОРКУНӢ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

.

Масъулин ва кормандони КДФ «Хоҷагию манзилии комуналӣ»-и шаҳри Левакант, имрӯз 23-юми апрел, дар кӯчаи марказии шаҳр- Борбад беш аз 17-ҳазор гулҳои мавсимӣ шинониданд, ки ин намои зоҳирии кӯчаи марказиро боз ҳам зеботар мегардонад.

ЛЕВАКАНТ: УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР ДЕҲОТИ ВАҲДАТ

.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, ҷиҳати пешгири аз омилҳои номатлуб ва оқилона истифодабарии замин намояндагони МИҲД-и вилоят, кормандони Раёсати кор бо занон ва оила-Гулчеҳра Наимова, Маҳмадализода Меҳринисо, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-Фарух Султонов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқра, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ Фатҳиддин Саидов бо сокинони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» тариқи усули «ХОНА БА ХОНА» корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ ЛИТСЕЙИ №1

.

Имрӯз 23-юми апрел, бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳр бо хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.