ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВА ПЕШГИРИ АЗ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ
14-уми январ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу бо намозгузорони масҷиди панҷвақтаи деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ намуданд.