ЛЕВАКАНТ: ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР БЕМОРХОНА «КАТС» ВА БОЗОРИ МАРКАЗӢ

.

Имрӯз 23-юми апрел, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқра, намояндагони МИҲД-и вилоят, кормандони Раёсати кор бо занон ва оила-Гулчеҳра Наимова, Маҳмадализода Меҳринисо тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, дар Беморхонаи марказӣ, Муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Бозори марказии шаҳр баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии бегонапарастию хурофот ва риояи пушиши либоси миллӣ бо масъулину сокинон корҳои омафаҳмонӣ бурданд.

ЛЕВАКАНТ: ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ОМӮЗГОРОН

.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти рус Шарипова Натиҷа хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант сазовори ҷойи дуюм, омӯзгораш Аблязова Зебо ва хонандаи синфи 8-и муассиса Шарифзода Саодат аз фанни забони англисӣ омӯзгораш Муродова Зуҳро ҷойи сеюмро ишғол намуда, ҳавасманд гардиданд.

ЛЕВАКАНТ: СЕМОҲАИ АВВАЛ ҶАМЪБАСТ ШУД

.

Имрӯз 19-уми апрел, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи вилояти Хатлон, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят-Давлатов Муҳаммадӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Абдуҷаббор Эмомов, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2024, баргузор гардид.

МАШВАРАТИ КОРӢ

.

ЛЕВАКАНТ: Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора бо сармуҳосибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шаҳр машварати корӣ доир гардид.

БУНЁДИ ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВИИ НАЗДИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲ - САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ

.

19 апрели соли равон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ аз гармхонаи замонавии назди Филиали Донишгоҳ дидан намуданд.