ШӮРОИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ НАЗДИ БАХШИ МАОРИФ

.

 Эшова Боғигул – роҳбари Шӯрои духтарон ва занони назди бахши маорифи шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, иброз намуд, ки рӯзи 19 сентябри соли 2019 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маориф  Шӯрои  духтарон ва занони бахши маориф доир гардид.  Қайд намуд, ки дар Шӯро  се масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбии фарзанд.

.

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр маҷлисҳои умумимактабии падару модарон доир гашта истодааст.  Читавре, ки директорони литсейҳои №№1,2 ва муассисаҳои таҳсилоти умумии №№2,3,14 ва дигарон иттилоъ доданд  аз 11 уми август инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр маҷлисҳои падару модарон  оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда,  вазифа ва уҳдадориҳои падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд бори дигар баррасӣ гардид.