Ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯчаҳои Борбад
Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 20 марти соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо бахши кор бо занон ва оила ва кормандони КАТС-и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯчаҳои Борбад хон.29,33 ва 39 Зебунисо 14 ва Б.Раҳимзода 5 ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.
Маросими Гулгардонӣ дар шаҳри Левакант
Баробари шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ ва омад-омади ҷашни Наврӯз аз замонҳои бостон, хурдсолон, навҷавонон ва калонсолон ойинеро ба монанди Гулгардонӣ иҷро мекарданд, ки то замони мо омада расидааст. Имрӯз 19-уми март, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр, маросими Гулгардонӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида шуду кудакону ҷавондухтарон дар даст гулҳои наврӯзӣ шеърхонон гулгардонӣ карданд.
Соҳибхонаҳо гулдухтарони гулбадастро истиқбол гирифта, дар баробари гирифтани гул барояшон ширинӣ ва туҳфаҳо тақдим мекарданд...
Корҳои фаҳмондадиҳи бо сокинони кӯчаи Айнӣ-17 (хобгоҳи ҶСК АЗОТ)
Тибқи дастуру супоришҳои и.в.Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Нуқра бо сокинони кӯчаи Айнӣ-17 (хобгоҳи ҶСК АЗОТ) оиди таълиму тарбияи фарзандон, шабгардию оворагардӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушиву худсузӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона байни занон ва ҷавонон роҳандозӣ намуданд.
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ ШАҲРДОРӢ БО САРБОЗОНИ ОЯНДА
19-уми март, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ва ҳайати Комиссияи даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Комиссариати ҳарбии шаҳр, бо ҷавонони ихтиёрӣ, ки бо хоҳиши худ барои хизмати Модар-Ватан омодаанд вохӯрӣ намуданд.